ВКД зери чархи BMW кушта шудани модару кӯдаконашро шарҳ дод

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон садамаи маргбор дар ноҳияи Ёвонро, ки дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдро барангехт, расман шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Маъмурини милиса зери чархи мошини BMW мондани модару фарзандонашро дар ноҳияи Ёвон таҳқиқ мекунанд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ронандаи 32-сола, сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Меҳвар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардонро зер кардааст.
Манбаъ аз пиёдагардон зани 36-сола, духтари 15-сола ва писарчаи 6-сола зикр намудааст.
Таъкид шудааст, ки ин пиёдагардон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.
Шарҳи ВКД дар ҳолест, ки навору аксҳо аз ҷои сар задани ин фоҷиа дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехтанд ва бисёре хостори назорати бештару ҷазои афроде шуданд, ки савори мошинҳои гаронарзиш намоишкорона бо суръати баланд ҳаракат мекунанд.
Садамаҳо тайи 5 моҳ дар Тоҷикистон қариб 600 куштаю маҷруҳ барҷой гузоштанд
Бар асоси омори расмӣ, аз аввали соли равон то даҳрӯзаи охири моҳи май беш аз 400 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар пайи ин садамаҳо 146 нафар ҳалок шуда, 442 нафар бо ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардонида шудааст.
БДА тавзеҳ дод, ки бо иштироки пиёдагардон дар 182 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ 52 пиёдагард ба ҳалокат расида, 136 нафар ҷароҳат бардоштааст.
БДА бо такя ба таҳлилҳояш гуфтааст, соли сипаришуда зиёда аз 63%-и ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ бо иштироки кӯдакон ва наврасон ба амал омадааст.