Вокуниши тунди Эрон ба даъвои Зеленский

Раисҷумҳури Украина аз мардуми Эрон даъват карда буд, ки барои пешгирӣ аз бадтар шудани инзивои байналмилалӣ ҷилавгирӣ аз пуштибонии Русияро бас кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Барои ҷалби молия ва аслиҳаи Ғарб, президенти Украина, Владимир Зеленский "намоиши сиёсӣ" баргузор мекунад, изҳор дошт сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, Носир Канъонӣ.
Ба гузориши хабаргузории маҳаллии ISNA, дипломат ин суханонро дар вокуниш ба иддаои раисиҷумҳури Украина гуфтаст, ки Эрон бояд аз ҳимоят аз Русия даст кашад, зеро гӯё ин боиси бунбасти боз ҳам бештари байналмилалӣ мешавад.
"Такрори иддаои бардурӯғи раисиҷумҳури Украина бо ҷанги таблиғотӣ ва расонаӣ алайҳи ҳукумат ва мардуми Эрон созгор аст ва он ба хотири ҷалби ҳарчи бештари силоҳ ва кумакҳои молӣ аз кишварҳои ғарбӣ анҷом мешавад", - гуфт Канъонӣ.
Русия орзуи якунимасраи шоҳон ва ҳокимияти шӯравиро амалӣ гардонид
Ӯ ҳамчунин ҳадафи изҳороти Зеленскийро ташкили як намоиши сиёсӣ ва парешон кардани таваҷҷуҳи ҷомеа бо иддаои беасос ва бефоида алайҳи мардуми Эрон номид.
Қаблан Киев ва кишварҳои ғарбӣ Эронро ба дастгирӣ ва фурӯши ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Русия муттаҳам карданд, ки Теҳрону Маскав онро беасос хонданд.
Қаблан раисиҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ гуфта буд, ки Бонки марказии ин кишвар бояд замина барои анҷоми муомилоти тиҷорӣ бо пули миллӣ гузорад ва даст кашидан аз доллар дар ҳисоббаробаркуниҳо бо кишварҳои дигарро суръат бахшад.
Илова бар ин, президент қайд кард, ки корхонаҳои маҳаллӣ "бояд аз харидани аналогҳои маҳсулоти хориҷӣ, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд, худдорӣ кунанд."