Таҷлили Рӯзи сарҳадбонон дар Тоҷикистон ба ривояти тасвир - аксҳо

Дар рӯзи таҷлили 29-умин солгарди ташкили нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон даҳҳо иншооти сарҳадӣ ба истифода шуда, сарҳадбонон соҳиби хонаи истиқоматӣ шуданд
Sputnik
1 / 11

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии "Айвоҷ" ва "Меҳнат" дар ноҳияи Шаҳритус иштирок кард.

2 / 11

Дар ин ҷо раисҷумҳур бо шароити хизмати марзбонон шинос шуд

3 / 11

Дар ин рӯз инчунин дидбонгоҳҳои нав дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз ва Ванҷи ВМКБ, Шамсиддин Шоҳин, Панҷ, Фархор, Дӯстӣ ва Ҷайҳун мавриди истифода қарор дода шуд.

4 / 11

Дар Рӯзи сарҳадбонон ба хизматчиёни ин ниҳод беш аз 100 номгӯи техника тақдим шуд.

5 / 11

Зикр гардид, ки тайи қариб таърихи сисола 150 марзбон ҷонашонро ҳангоми адои рисолаташон фидо карданд.

6 / 11

Президент ваъда дод, ки ҳукумат тадбирҳо барои пешниҳоди шароити беҳтари хизмату иқомат чораандешӣ хоҳад кард.

7 / 11

Ба муносибати Рӯзи сарҳадбонони тоҷик дар саросари кишвар 33 иншооти нави сарҳадӣ барои хизмати 4 ҳазор нафар сарбоз ба истифода дода шуд.

8 / 11

Дар рӯзи таҷлили Рӯзи сарҳадбонони Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон инчунин гузашти ҳарбӣ баргузор шуд.

9 / 11

Президент аз марзбонон даъват намуд, ки Ватан ва ҳар ваҷаб марзи онро дӯст доранд, ба савганди ҳарбӣ, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқ бошанд

10 / 11

Вай илова намуд, ки ҳукумат бо дарназардошти хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, то ҳол 129 нафар афсарону сарбозон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ қадрдонӣ кардааст.

11 / 11

Ҳамчунин, ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити иҷтимоӣ 1700 оилаи афсарони мақомоти сарҳадӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шудаанд.