Раҳмон сарҳадбононро бо идашон шодбош гуфт

Қӯшунҳои сарҳадии мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон, ки 28 майи соли 1994 таъсис ёфтаанд, соли равон 29-умин солгарди таъсисёбияшонро таҷлил мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сарҳадбонон мулоқот карда, онҳоро бо идашон шодбош гуфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносиботи Рӯзи сарҳадбонон дар ноҳияи Шаҳритус изҳор дошт, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки дар назди давлат ҳанӯз дар оғози ба даст овардани истиқлол қарор дошт, таъсис додани сохторҳои марзбон буд.
Ҷиҳати пешгирӣ кардани убури гурӯҳҳои тундраву ифротӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир тавассути хатти сарҳади давлатӣ 28-уми майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти кишвар Қӯшунҳои сарҳадиро таъсис дода шуд, гуфт ӯ.
"Яъне Қӯшунҳои сарҳадӣ мисли дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи ниҳоят ҳассос ва мушкили таърихи кишварамон, яъне дар замоне, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дошт, таъсис дода шуданд", - илова намуд президент.
Вай дар хитоб ба марзбонон изҳор дошт, ки вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки дар самти ҳифзи сарҳадот ва таъмин намудани амнияти ҷомеа ва давлат тадбирҳои иловагиро амалӣ намоем.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дигар аз паҳподҳо истифода намешаванд?
Хусусан, торафт фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва зуҳури гурӯҳҳои нави ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, изҳор дошт президент.
Вай аз марзбонон даъват намуд, ки Ватан ва ҳар ваҷаб марзи онро дӯст доранд, ба савганди ҳарбӣ, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқ бошанд.
Такроран таъкид менамоям, ки ҳимояи ҳар як пораи хоки муқаддаси Тоҷикистони маҳбубамон қарзи фарзандӣ, вазифаи ҷавонмардӣ ва шарафу ифтихори бузург барои тамоми ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ – аз генералҳо то афсарону сарбозон ба ҳисоб меравад, гуфт Раҳмон.
Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки сарбозону афсарон рисолати ҷавонмардонаи худро барои ҳифзи сарҳади давлатӣ, ҳимояи суботу оромӣ, амнияти сокинони кишвар ва манфиатҳои милливу давлатӣ содиқона иҷро мекунанд.