ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Сарҳади давлатии Тоҷикистон, хусусан, дар самти Афғонистон аз лиҳози ҷуғрофӣ мушкилтарин минтақаи марзӣ мебошад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо марзбонони тоҷик бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии нерӯҳои марзбонии кишвар баён дошт.
"Дар ин раванд, як нуктаи муҳимтаринро хотирнишон месозам, ки сарҳади давлатии Тоҷикистон, хусусан, дар самти Афғонистон аз лиҳози ҷуғрофӣ мушкилтарин минтақаи марзӣ мебошад, зеро қисми зиёди он аз мавзеъҳои душворгузари кӯҳӣ мегузарад", - изҳор дошт Раҳмон.
Вай афзуд, ки бо дарназардошти ин, иқдомоти зарурӣ – аз ташкили отряду комендатура ва дидбонгоҳу нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ сар карда, то таъсиси муассисаҳои таълимӣ оид ба омода намудани мутахассисони сарҳадбон амалӣ карда шуданд.
"Дар баробари ин, барои беҳтар намудани ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот то имрӯз 198 постгоҳи иловагии сарҳадӣ ташкил карда шуд", - гуфт президент.
Ба иттилои ӯ, бо дастури раисҷумҳур аз моҳи сентябри соли 2022 барои таҳкими сарҳади давлатӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагиву хизмат барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ бунёди 77 иншооти нави сарҳадӣ оғоз гардид.
"Аз ин шумора худи ҳамин рӯз 33 иншоот, аз ҷумла 30 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 1 комендатураи сарҳадӣ, 2 постгоҳи сарҳадӣ ва 166 хона барои афсарон, дар маҷмӯъ, барои 4 ҳазор нафар сарбозону афсарон бо беҳтарин шароит ба истифода дода шуд", - афзуд ӯ.
Президент иттилоъ дод, ки сохтмони 53 иншооти дигари сарҳадӣ босуръат идома дорад ва то моҳи сентябри соли равон, яъне дар арафаи ҷашни солгарди истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.
Вай илова намуд, ки соли 2024, ки ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад, боз 15 дидбонгоҳи дигар дар мавзеъҳои баландкӯҳ пурра омода мегардад.