Медведев дар бораи паёмадҳои интиқоли силоҳи ҳастаӣ ба Украина гуфт

Кишварҳои ғарбӣ дар бораи амалкарди худ ва посухи пешгирикунандаи Федератсияи Русия фикр намекунанд, аммо кор дорад, ба ин самт равона мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Агар Ғарб ба Украина силоҳи ҳастаӣ диҳад, Русия бояд ҳамлаи пешгирикунанда анҷом диҳад.
Дар ин бора Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия изҳор доштааст.
Медведев дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон дар ҷараёни сафараш ба Ветнам, дар бораи Аврупо ва ИМА сухан ронда, рад накард, ки дар шароити феълӣ "онҳо ба режими Киев ҳавопаймоҳои кофӣ хоҳанд дод" ва илова бар ин, шояд силоҳи ҳастаӣ ҳам хоҳанд дод.
"Он гоҳ ин чунин маъно дорад, ки мушаки дорои заряди ҳастаӣ ба онҳо мерасад. Қонунҳои бебозгашти ҷанг вуҷуд доранд. Агар сухан дар бораи силоҳи ҳастаӣ равад, бояд як зарбаи пешгирикунанда анҷом дода шавад",- гуфт ӯ.
Ба таъкиди ӯ, англосаксонҳо инро пурра дарк намекунанд ва бовар доранд, ки он кор ба инҷо намерасад.
Шойгу: Ғарб бар зиди Русия ва Белорус ҷанги эълоннашуда мебарад
"Мерасад, дар шароити муайян", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Медведев, Аврупо девона шудааст, пайваста бо тасмимҳояш вазъро гарм мекунад ва аланга мезанад, дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида аз манфиатҳои прагматикӣ мебарояд ва кӯшиш мекунад, ки “душмани чандинасраро" дар сурати Русия нобуд созад.