ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Раҳбари мухолифон, нахуствазири собиқи Покистон Имрон Хон дар рӯйхати 226 сиёсатмадори ҳизби "Таҳрики Инсоф" ворид шуд, ки тарки кишвар барояшон мамнӯъ аст, иттилоъ дод Geo News.
Ба иттилои ин манбаъ, худи ӯ дар вокуниш ба ин хабар гуфтааст, нияти тарки кишварро надорад.
Сабаби мамнӯъият иттиҳомҳои даст доштан дар ошӯбҳои рӯзи 9 май дар Покистон гуфта шуданд, ки ҷони ҳудуди 10 нафарро гирифтанд.
Нооромиҳо пас аз боздошти Имрон Хон аз сӯи мақомот сар зад, вале ӯ ба зудӣ ба ивази гарав озод шуд.
"Ман мехоҳам ба ҳукумат барои сабти номи ман дар ин рӯйхат ташаккур гӯям, зеро ман нияти сафар ба хориҷа надорам", - навишт Имрон Хон дар Twitter.
Ба гузориши Geo News, бархе аз раҳбарони ҳизби "Таҳрики инсоф" тайи се рӯзи ахир талош кардаанд Покистонро тарк кунанд ва дар фурудгоҳҳо боздошта шуданд.
Раҳбари ҳокими Ҳизби халқии Покистон, Файсал Карим Кундӣ, ки шомили эътилофи ҳоким дар кишвар мебошад, изҳор доштаст, ки Имрон Хон ба зудӣ аз Иёлоти Муттаҳида дархости паноҳандагии сиёсӣ хоҳад кард.
"Манбаҳои ман ба ман гуфтанд, ки Имрон Хон ба зудӣ дар Амрико дархости паноҳандагии сиёсӣ хоҳад кард. Ба зудӣ мо дар экранҳои телевизиони мо хабареро мебинем, ки Имрон Хон дархости паноҳандагии сиёсӣ кардааст", - овардааст Nation аз қавли Кундӣ.
Маврид ба зикр аст, ки додгоҳи Покистон ҳабси Имрон Хонро ба ивази гарам то 8 июн ба таъхир андохт.