ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар мулоқот бо ҳамтои белорусиаш Виктор Хренин гуфт, воқеан, ҷанги эълоннашудаи кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав ва Минск оғоз шудааст.
"Имрӯз мо якҷоя бар зидди кишварҳои Ғарб дастаҷамъона мубориза мебарем, ки имрӯз алайҳи кишварҳои мо ҷанги эълоннашуда мебаранд", - гуфт оқои Шойгу.
Ба гуфтаи вай, "фаъолияти низомии НАТО самти хашмгинтаринро касб кардааст".
"Барои баланд бардоштани омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ муштарак дар Аврупои Шарқӣ маҷмӯи чораҳо амалӣ карда мешавад. Дар наздикии марзҳои Давлати Иттиҳод гурӯҳҳои иловагии низомӣ ва зерсохторҳои низомӣ ҷойгир карда шуда, омодагии ҷангӣ ва кашшофӣ фаъол карда мешаванд", - афзуд Шойгу.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Русия афзоиши бесуботиро ба талоши бархе аз давлатҳо барои ҳифзи мавқеи пешсафияшон рабт дода, таъкид намуд бояд эҳтироми тарафайн бошад.
Вай афзуд вазъияти байналхалқӣ майли афзоиши бесуботӣ дорад.
Ӯ гуфт, ин вазъият бевосита ба хоҳиши давлатҳои алоҳида барои нигоҳ доштани мавқеи ҳукмронии худ, комилан нодида гирифтани истиқлолият ва манфиатҳои дигар кишварҳо алоқаманд аст.
"Мо мебинем, ки ба вазъияти ҳозира ноустувории рӯзафзун дорад. Дар минтақаҳои гуногун ҷойҳои куҳнаи даргир мавҷуданду мавзеъҳои нави доғ ба вуҷуд меоянд. Бори манфии низоъҳо ҷамъ шуда истодааст", - гуфт ӯ.