ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik.Платформаҳои онлайн барои мутобиқ кардани муҳоҷирони корӣ дар Русия мусоидат мекунанд.
Раиси Оҷонсии федеролии умури миллатҳои Русия Игор Баринов аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ кард.
"Донистани забони русӣ ба мутобиқшавии бомуваффақияти шаҳрвандони хориҷӣ мусоидат мекунад. Дар робита ба ин, мо ҷонибдори таъсиси як манбаи дастрас барои омӯзиши он ҳамчун забони хориҷӣ ҳастем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, татбиқи лоиҳаи мазкур замина барои таъсиси платформаи таълимии бисёрзабонаи онлайн ва паҳн кардани маводи таълимӣ мегардад.
Баринов ҳамчунин таъкид кард, ки мутобиқшавӣ метавонад бидуни иштироки давлат сурат гирад, аммо "дар ин ҳолат эҳтимоли шомил шудани муҳоҷирон ба истилоҳ соя ва амалҳои ғайриқонунӣ вуҷуд дорад".
"Дар шакли дастрас фаҳмондан лозим аст, ки кадом меъёрҳои рафтор дар ҷомеаи мо қабул карда мешаванд, барои кадом амалҳо ҷазои ногузир хоҳад буд", - афзуд Баринов.
Қаблан раиси Агентии федеролии умури этникӣ хабар дода буд, ки онҳо як курси стандартии мутобиқшавӣ барои муҳоҷирони меҳнатиро таҳия мекунанд, ки бояд то 1 июл омода ва сипас дар 4 минтақаи озмоишӣ санҷида шавад.
Қаблан хабар дода шуд, ки муносибати русиягиҳо нисбат ба муҳоҷирони корӣ, беҳтар шудааст.
Саҳми шаҳрвандоне, ки нисбат ба хориҷиён эҳсоси манфӣ надоранд, дар соли 2022 80,9 фоизро ташкил дод, дар ҳоле, ки як сол қабл ин нишондод дар сатҳи 74,6 фоиз буд.