Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Падофанди ҳавоии Русия дар як шабонарӯз 28 паҳподи артиши Украинаро нобуд карданд

Падофанди ҳавоии артиши Русия дар як шабонурӯ 28 паҳподҳо ва 8 мушаки системи HIMARS-и қуваҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Вазорати дифои Русия аз нобудсозии наздик ба 30 паҳподи артиши Украна дар як рӯз хабар дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати дифои Русия.
Ба иттилои манбаъ, системҳои дифоъ ҳавоии Русия дар як рӯзи гузашта 28 паҳподи украинӣ ва 8 мушаки HIMARS MLRS-ро нобуд нобуд карданд.
"Системаҳои дифоъи ҳавоии Русия дар як шабонарӯз аз ҳашт мушаки системаи чандгонаи HIMARS-ро пешгирӣ кард. Илова бар ин, дар маҳалҳои аҳолинишини Токаревкаи вилояти Харков, Червоная Диброва, Кременная, Житловка, Затишное, Новокраснянка 28 паҳподи Украина дар Ҷумҳурии Мардумии Луганск дар минтақаи Светлодарское, Евгеновка, Зелений Гуи ва дар Ҷумҳурии Мардумии Донетск дар минтақаи Чубаревкаи вилояти Запорожжиё ва вилояти Херсон нобуд карда шуданд”, - гуфта мешавад дар гузориш.
Шойгу: Ғарб бар зиди Русия ва Белорус ҷанги эълоннашуда мебарад
Илова бар ин, нерӯҳои ҳавоии Русия дар давоми рӯз 95 воҳиди тӯпхона, инчунин минтақаҳои ҷамъи сарбозон ва техникаи низомии неруҳои Украинаро дар 102 минтақа зери зарба қарор доданд.
Дар маҷмӯъ, 429 ҳавопаймои ҷангии Украина, 235 чархбол, 4321 паҳпод, 424 системаи мушакии зиддиҳавоӣ, 9298 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 1100 мошини ҷангии системаҳои мушакӣ, 4901 адад ва тӯпҳои саҳроӣ, 10447 адад мошинхои махсуси ҳарбӣ нобуд карда шуд.