Ҳалокати навраси 17-сола дар паи раъду барқ дар Ховалинг

Ин фоҷиа зимни чаронидани чорво рух додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, сокинон нисбати ҳушдорҳои ин ниҳод бепарвогӣ зоҳир мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Навраси 17-сола дар чарогоҳи ноҳияи Ховалинг ба ҳалокат расид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Гуфта мешавад, ки сокини деҳаи Тагиҷари вилояти Хатлонро зимни чаронидани чорво дар кӯҳсор раъду барқ задааст.
"Дар натиҷа ӯ дар ҷои ҳодиса ҷон аз даст дод", - омадааст дар хабарнома.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода қайд намуд, ки бовуҷуди ҳушдори онҳо, сокинон ҳамоно дар ҳавои номусоид ба кӯҳу пушта мебароянд, ки ин кори онҳо ба фоҷиа меанҷомад.
КҲФ дигарбора хотирасон намуд, ки боронгариҳо дар аксар манотиқи Тоҷикистон то 26 май идома мекунад.
Омори ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар Суғд: 9 кас наҷот ёфту 42 нафар ғарқ шуд
Ин дар ҳолест, ки давоми соли 2022, танҳо дар вилояти Суғд 51 ҳодисаи ғарқшавӣ бо сабабҳои гуногун дар кулу дарёҳои ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод 9 нафар аз вартаи ғарқшавӣ наҷот ёфтаанд.
Соли 2021 бошад, дар ҳудуди вилояти Суғд 53 ҳолати ғарқшавӣ сабт шуда буд, бо мадади наҷотдиҳандагон 24 нафар аз коми дарё наҷот ёфта, ҷасади 29 нафар аз об берун оварда шудааст.