Нахустин консерти гурӯҳи “Авесто” дар Маскав

Ин гурӯҳ қаблан дар пойтахти Русия дар консертҳо ширкат мекард аз ҷумла дар ҷашни Наврӯз, аммо ҳар дафъа ин консертҳои муштарак буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Гурӯҳи маъруфи тоҷикии "Авесто" дар Маскав нахустин консерти солои худро баргузор мекунад.
Консерти мазкур рӯзи 26 май дар толори консертии Arbat Hall дар истгоҳи метрои Смоленская баргузор мешавад. Оғози концерт соати 19:00 аст.
Гурӯҳ аллакай дар пойтахти Русия, ба хусус дар ҷашни Наврӯз суруд мехонаданд, аммо ҳар дафъа ин намоишҳои муштарак буд.
Рӯзи 19 май аллакай дар Хонаи фарҳанги Санкт-Петербург ба номи Газа гурӯҳи "Авесто" консерт баргузор кард.
Нотакрору гарм ва пурэнержӣ: дар Маскав консерти Далер Назаров баргузор шуд
Қаблан дар Душанбе гурӯҳи маъруфи русии "Хори Туретский" ҳунарнамоӣ карда буд.
Консерт ба муносибати иди 9-уми май бахшида шуда, дар он ҷо пуртаъсиртарин ва самимӣтарин сурудҳои солҳои ҷанг садо дод.
Чорабинии дусоата аз рӯи анъана бо суруди “Рӯзи Ғалаба” ба анҷом расид, ки тамошобинон ҳамроҳи ҳунармандон сурудхонӣ карданд.