Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дигар аз паҳподҳо истифода намешаванд?

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар музокираи ахир дар бораи марз ба тавофуқ расиданд, ки аз истифодаи паҳподҳо дар манотиқи марзӣ даст кашанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Мулоқоти роҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон дар масъалаи марз баргузор шуд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, мулоқот қабл аз зуҳр дар гузаргоҳи сарҳадии Қизилбели Бодканд дар марз бо гузаргоҳи сарҳадии Гулистони шаҳри Исфара доир шудааст.
Переговоры по границе Таджикистана и Кыргызстана
Дар мулоқот имрӯза ба ҳисоби раҳбарони вилоятҳои суғду Ботканд ҳамчунин раисони маинтақаҳаои наздимарзӣ ва мақомоти сарҳадбонӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев масоили мубрами вобаста ба марзро баррасӣ намуданд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки сулҳро дар сарҳад нигоҳ доранд, ба иғвогарӣ роҳ надиҳанд, бо созиши ҳамдигар аз об истифода баранд.
Главы Согдийской и Баткенской областей Раджаббой Ахмадзода и Абдикарим Алимбаев
Ҳамчунин ҷонибҳо дар ин музокирот масоили роҳ, об, чароггоҳҳо ва пешгирӣ аз муноқишаҳои минбаъда дар марзро низ баррасӣ карданд
Бино ба иттилои раиси вилояти Суғд, дар мулоқоти имрӯза низ тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар вақти рухдоди муноқишаҳои марзӣ аз паҳподҳо ва технгикаҳои сангини низомӣ истифода нашавад.