Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зеленский иқрор шуд, ки шаҳри Артемовск зери контроли нерӯҳои Русия аст

Владимир Зеленский ахиран дар мусоҳибае иқрор шудааст, ки артиши Украина контроли шаҳри Артемовск ё ба тарзи гуиши украинӣ Бахмутро аз даст дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский эътироф кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина шаҳри Артемивскро аз даст додаанд, хабар медиҳад хабаргузории “Reuters”.
Дар ҳошияи нишасти G-7 дар шаҳри Хиросима аз Зеленский пурсиданд, ки оё Артёмовск таҳти назорати Киев боқӣ мондааст ё на?
"Фикр мекунам, ки не. Имрӯз ӯ танҳо дар қалби мо боқӣ мемонад", - гуфт президенти Украина.
Ёдовар мешавем, ки шаби гузашта вазорати дифои Русия эълом кард, ки шаҳри Артемовск дар натиҷаи амалиётҳои ҳамлаии "Вагнер" бо пуштибонии тӯпхонаи ва нерӯҳои ҳавоӣ артиши Русия, озод шудааст.
Парчами Русия дар шаҳри пурра озодшудаи Бахмут е Артемовск – видео
Ба гуфтаи раҳбари гурӯҳи "Вагнер" Евгений Пригожин, як рӯз пеш қисмати охирин хонаҳои баландошёнаи шаҳри Артемовск таҳти назорат гирифта шуд.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамаи сарбозонро, ки дар озодкунии шаҳр ширкат доштанд, табрик гуфт.
Артемовск дар қаламрави ҶМД, дар шимоли Горловка вокеъ аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи украинӣ дар Донбасс буд. Дар атроф ва дохили шаҳр моҳҳои зиёд задухӯрдҳои шадид давом дошт.