Аз Сурия ба Тоҷикистон занон, наврасон ва тифлони хурдсол баргардонида мешаванд

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки аз мамлакатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия занон, наврасон ва тифлони хурдсоли тоҷик ба ватан баргардонида мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Бо дастуру супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 21 майи соли 2023 гурӯҳи дуюми занон, наврасон ва тифлони хурдсол тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида мешаванд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар доданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки бояд тазаккур дод, ки баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз мамлакатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Возвращение из Сирии граждан Таджикистана
Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли гузашта аз ҳавопаймо бо 146 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе фуруд омада буд.
“Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон мебошанд”, - таъкид доштааст вазорати умури хориҷа.
Аз Сурия ба Тоҷикистон занон, наврасон ва тифлони хурдсол баргардонида мешаванд
Зубайдулло Зубайдзода, сфири Тоҷикистон Қувайт он замон дар нишасти хабарии бахшида ба супурдани ин занону кӯдакон гуфта буд, ҳукумати Тоҷикистон барои ба Ватан баргардондани шаҳрвандонаш ҳамеша талош дошт.
Сафири Тоҷикистон таъйид кард, ки "сафорати кишвар дар Давлати Кувайт ба кори баргардонидани занону кӯдакон идома медиҳад".
Қабла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ баргардонда шуданд.