ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Академик Саидмуҳаммад Одинаев, сармутахассиси Пажӯҳишгоҳи физикӣ-техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барандаи ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” шуд.
Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ хабар дод, ки ҳашт барандаи ҷоизаро барои соли 2023 интихоб кардаанд.
Маросими супурдани ҷоиза рӯзҳои 11-15 сентябри соли ҷорӣ дар Бишкек баргузор мешавад.
Ба интихобшудагон диплом, нишони фахрй ва шаҳодатнома дода мешавад. Ҷоизаи пулӣ ин ҷоиза 2 миллион рублро ташкил медиҳад.
Ин ҷоиза дар баробари донишманди тоҷик Одинаев ба намояндагони кишварҳои дигари ИДМ, аз ҷумла навозандагон, рассомон, филмсозон дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки ҷоизаи бонуфузи "Ситораҳои Иттиҳод" аз ҷониби Шӯрои ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ин иттиҳод моҳи майи соли 2009 таъсис ёфта буд.
Ҳар сол ба намояндагони давлатҳои ИДМ барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи фаъолияти башардӯстона, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқанд ва дар рушди ҳар як кишвари узви ин иттиҳод ва ҳам дар маҷмӯъ саҳм гузоштаанд, мукофотонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки солҳои пеш шоир ва драматурги маъруф Тимур Зулфиқоров, актёр ва ҳунарпешаи мардумии кишвар Ибодулло Машраб, рассом Вафо Назаров, директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Гулчеҳра Қоҳирова ва дигарон, соҳиби ин мукофоти гардиданд.