ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар бозори ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар як дӯкони пирожкипазӣ таркиш рух дод, хабар медиҳад сомонаи "Фараж".
Ба иттилои манбаъ, таркиш наздикии нисфирӯзи 20 май бар асари кафидани зарфи гази моеъ ба вуқӯъ пайвастааст.
Бар асари ин ҳодиса беш аз 20 нафар ҷароҳатдор гардидаанд.
Ин ниҳод бо такя ба манбааш аз шуъбаи қабули Беморхона марказии ноҳия, ки ҷароҳатбардоштагонро фавран он ҷо интиқол додаанд, хабар медиҳад, ки феълан 20 нафар бо ҷароҳатҳои сӯхтаи дасту рӯй бистарӣ гардидаанд ва табибон вазъи онҳоро вазнини миёна арзёбӣ мекунад.
Гуфта мешавад, таркиши зарфи гази моеъ замоне рух дод, ки чанд нафар дар дохили дӯкон ғизо мехӯранд ва чанди дигар аз пеши дӯкон мегузаштанд.
Феълан маълум нест, ки бар асари ин ҳодиса нафаре фавтидааст ё на.
Мақомотҳои марбута ҳоло ин қазияро шарҳ надодаанд.