Антонов: кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба далели таҳримҳо худ аз Амрико рӯ мегардонанд

Сафрири Русия дар ИМА қайд кард, ки таҳримҳои нав суханони Амрико дар бораи ҷорӣ накардани маҳдудият ба молҳои башардӯстонаро беқурб кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Сиёсати таҳримоти ИМА, ки бахусус равобити Русия бо кишварҳои дар ҳоли рушдро ҳадаф қарор медиҳад, боиси он хоҳад шуд, ки ин кишварҳо аз Вашингтон рӯй мегардонанд. Дар ин бора сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов изҳор дошт.
"Дар баробари ин, кас чунин таассурот пайдо мекунад, ки Иёлоти Муттаҳида на танҳо ба Русия, балки ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ фишор овардан мехоҳад. Равшан аст, ки кишварҳои рӯ а тараққӣ хоҳанд дид, ки сиёсати ИМА ба манфиатҳои ҳаётан муҳими онҳо то чӣ андоза зиён мерасонад ва аз Вашингтон рӯй мегардонад", - гуфт роҳбари намояндагии дипломатии Русия дар шарҳи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нави зидди Русия аз ҷониби ИМА.
Ба гуфтаи вай, аз ҷониби мақомоти ИМА ворид кардани баъзе навъҳои таҷҳизоти тиббӣ ва кишоварзӣ ба феҳристи молҳое, ки барои интиқол ба Русия манъ карда шудаанд, изҳороти ҷониби Амрикоро дар бораи маҳдудияти маҳсулоти башардӯстона коҳиш медиҳад.
Туркия дар масъалаи таҳримҳо алайҳи Русия ба хости Ғарб амал намекунад: Эрдуғон
"Бастаи навбатии таҳримҳо, воқеан, такрори он чизест, ки аллакай борҳо қабул карда шудааст. Дар релизҳои чандсаҳифаи матбуотӣ воқеан чизи нав нест. Таҷҳизот ба рӯйхати молҳое, ки барои интиқол ба Русия муҳосира шудаанд, дохил карда шудаанд, ки ин изҳороти сершумори Кохи Сафедро дар бораи маҳдуд кардани маҳсулоти башардӯстона беқурб мекунад", - гуфт дипломат.
ИМА ва муттаҳидонаш рӯзи ҷумъа эълон карданд, ки таҳримҳои зидди Русияро ташдид мекунанд. Вашингтон ба рӯйхати сиёҳи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Русия ворид карда, маҳдудиятҳои соҳавӣ ва назорати содиротро шадидтар кард.
Маҳдудиятҳои амрикоӣ, аз ҷумла ба шаҳрвандон ва ширкатҳои хориҷӣ, ки гӯё ба Федератсияи Русия дар канорагирӣ аз маҳдудиятҳои ИМА кӯмак мекунанд, таъсир расонд.
Дар маҷмӯъ, маъмурияти ИМА назорати содиротро дар Русия ва Беларус аз рӯи 1224 номгӯй пурзӯр кард. Ба феҳристи молҳое, ки барои содирот мамнӯъ шудаанд, ҳамчунин ашёи антиқа, қолинҳо, косметика, атриёт ва маҳсулоти тамоку, молҳои боҳашамат, соатҳо ва баъзе нӯшокиҳои спиртӣ дохил мешаванд.