ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯзбекистонияш, Шавкат Мирзиёев дар ҳошияи саммити якуми "Осиёи Марказӣ-Чин" мулоқот анҷом доданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар рафти вохӯрии самимӣ маҷмуи васеи масоили дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои онро барои таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон неку назаррас арзёбӣ намудаст.
"Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои робитаҳои ду кишварро дар сатҳу соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби ҳамоиши "Осиёи Марказӣ-Чин" муҳокима карданд", - омадааст дар иттилоия.
Ин мулоқот дар ҳоле сурат гирифт, ки ба иттилои мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар бахшҳои мухталиф дар ҳоли рушд қарор доранд.
Ахиран дар шаҳри Тошканд, ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо иштироки сарвазирони ҳар ду давлат баргузор шуд, ки ҳадафи он таҳкими боз ҳам бешари ҳамкориҳо арзёбӣ гардид.
Дар ин мулоқот аз ҷумла барои андешидани тадбирҳо барои афзоиши гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, истихроҷи маъдан, нассоҷӣ ва дигар соҳаҳо бо ҷалби маблағгузории ширкатҳои сармоягузори Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Аз ҷумла нақшаи муштараки чорабиниҳо оид ба ташкили минтақаи озоди саноатию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар нуқтаҳои сарҳадгузари "Фотеҳобод"-"Ойбек" ва Нақшаи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Ӯзбекистон тасдиқ карда шуд.