ДУШАНБЕ, 19 мая — Sputnik. Муҳоҷирон, ки ба Русия меоянд, бояд меъёру қоидаҳои ҷомеаи ин кишвар ва ҳамчунин минтақаҳои онро эҳтиром намоянд, гуфт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи Шӯрои равобити байни миллатҳо.
"Талаби бечунучарои баррои ҳар шахсе, ки барои кор ва таҳсил ба Русия меояд, ин эҳтиром ба анъанаҳои мо, риояи меъёрҳо ва қоидаҳои ҷомеаи Русия мебошад. Ин ҷо ҷанбаи минтақавӣ низ хеле муҳим аст. Муҳоҷир куҷо меравад ба Маскав ё Қафқози шимолӣ ё дигар минтақа бояд меъёрҳои умумирусияро донад ва донистани қоидаҳои он минтақаҳое, ки шахс ба он ҷо меояд, ҳатмист", - гуфт раҳбари Русия.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки дар сиёсати муҳоҷират мақомот бояд пеш аз ҳама ба манфиатҳои шаҳрвандони Русия дар масъалаҳои амният, соҳаи иҷтимоӣ ва бозори меҳнат таваҷҷуҳ намоянд.
"Дар ин ҷо муносибати мутавозин хеле муҳим аст, ки барои мо хавф эҷод накунад, ва барои рушди кишвар, иқтисоди кор кунад", - гуфт Владимир Путин.
Путин итминон дод, ки Русия барои мутахассисони зарурӣ барои иқтисоди ватанӣ, аз ҷумла ҳамватанони рус, ки аз лиҳози забон ва фарҳанг ба мардуми Русия наздиканд ва ҳамеша Русияро ватани таърихии худ медонистанд ва медонанд, боз аст.
Ба гуфтаи ӯ, кор дар ин самт барои Русия нисбат ба кишварҳои дигар осонтар аст, зеро муҳоҷирон дар ин ҷо асосан аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ҳастанд, ки аз лиҳози фарҳанг ба Русия наздиканд.
"Мо бояд “корро аз дурӣ” оғоз кунем. Бевосита дар он кишварҳое кор кунем, ки ҷараёни асосии муҳоҷират аз онҷост. Ман мехоҳам қайд намоям, ки роҳбарияти ин кишварҳо низ ба ин кори муштарак бо мо омодаанд. Мо сӯҳбатҳо дорем. Дар бораи кушодани мактабҳои русӣ, дар бораи ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ, бо иттиҳодияҳои миллии Русия ва дар ин ҷо мо имкониятҳои зиёд дорем, ки ин масъаларо ба таври муассир ҳал кунем”, - гуфт президенти Русия.