Ҷинпин ба Раҳмон: шумо аз ҳамаи мо пуртаҷрибаед, пешниҳодҳоятон муҳиманд

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар саммити якуми сарони кишварҳои "Чин-Осиёи Марказӣ" дар шаҳри Сиан иштирок карда, пешниҳодҳояшро ба миён гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Раисҷумҳури Чин, Си Ҷинпин дар саммити якум бо роҳбарони Осиёи Марказӣ аз раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон тавсиф кард, ки пуртаҷрибатарин миёни сарони давлатҳост.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Ҷинпин дар хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "шумо миёни мо сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай истода будед".
Ҷинпин Раҳмонро сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин хонда, таъкид намудаст, ки пешниҳод ва андешаҳояш ниҳоят муҳим мебошанд.
Раҳмону Мирзиёев таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар саммити якум дар робита ба вазъи мураккабу зудтағйирёбандаи ҷомаеи ҷаҳонӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо дар ҷаҳон изҳор доштаст, ки аҳамияти ҳамкорӣ дар чаҳорчуби ҳамоиши "Чин-Осиёи Марказӣ" афзун мегардад.
Президенти Тоҷикистон гуфтааст, давоми се даҳсола муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар асоси усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому боварии мутақобила босуръат рушд ёфтанд.
"Дар ин росто мулоқот дар доираи саммити “Чин-Осиёи Марказӣ” метавонад заминаи нодир ва самараноке барои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳои мо гардад", - афзудаст ӯ.
Вай пешниҳод кардааст, ки рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сармоягузорӣ ва тиҷорат фаъол карда шавад.