Давлаталӣ Саид нақши Хатлон дар иқтисоди Тоҷикистонро гуфт

Раиси вилояти Хатлон ахиран дар мавриди зарфиятҳои иқтисодӣ, сайёҳӣ, дастгирии давлатии бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ дар вилоят маълумот дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ахиран раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар форуми доираҳои сармоягузории Хатлону Хуросони Разавӣ дар Машҳад гуфт, ки вилоят яке аз марказҳои рушдёфтаи кишоварзию саноатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дорои имконоти фаррохи ҳамкорӣ мебошад.
Раиси вилояти Хатлон зимни суханрониаш таъкид кард, ки дар вилоят соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб ёфта, наздик ба 70 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ фаъолият дорад.
Вай гуфт, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят соли гузашта ба зиёда аз 2,5 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуд.
Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Хуросони Разавии Эрон
Давлаталӣ Саид зикр кард, ки ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил мекунад.
“Аз ҷумла, 65,1 фоизи ғалладона, 69,4 фоизи пахта/пумба, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полезиҳо, 48,7 фоизи мева, 40,5 фоизи ангур, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир ва 75,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли моҳии кишвар дар вилояти Хатлон тавлид гардидааст”, - гуфт ӯ.
Мақомодори тоҷик илова кард, ки ҳамасола дар вилоят беш аз 250 ҳазор тонна пахта, 2,5 млн. тонна меваю сабзавот, ангур ва зироатҳои полезӣ, инчунин 1 млн. адад пӯсти чорвои калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад.
Вай афзуд, кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи наздику дур беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд.
Ҳамзамон ба гуфтаи раиси вилояти Хатлон дар вилоят беш аз 90 фоизи ҳаҷми истеҳсоли барқи ҷумҳурӣ истеҳсол карда мешавад.