Си Ҷинпин ба Тоҷикистон меояд

Президенти Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон меояд, вале рӯзи дақиқи сафари кишвардор феълан маълум нашудааст. Сафар бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.
Дар ин бора, зимни музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин таҳти раёсати кишвардорон: Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин маълум шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кишвардори Чин Си Ҷинпин даъват кард, ки дар вақти барояшон мусоид ба Тоҷикистон ташриф оварад.
"Даъват бо хушнудӣ қабул гардид ва таърихи сафар бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа хоҳад гардид", - омадааст дар хабарнома.
Дар музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин як қатор масоили муҳими ҳамкории ду кишвар муҳокима шуданд.
Мавзуи асосии гуфтугӯҳо таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ хоҳад буд.
Ҳамчунин, дар доираи ин сафари давлатӣ, президенти Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланди саммити якуми "Осиёи Марказӣ-Чин" ширкат мекунад.
Тоҷикистону Чин "ТАЛКО"-ро якҷоя таҷдид мекунанд
Президентро дар сафар ёвараш дар умури робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси КДАМ, раисони кумитаҳои телевизион ва радио, бехатарии озуқаворӣ, президенти Академияи миллии улум ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.
Қаблан намояндаи расмии ВУХ-и Чин Хуа Чунъин, иттилоъ дода буд, ки сафари сарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз 16 то 20 май дар сурат мегирад.
Мавзеи ҳамоиши сарори кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ шаҳри Сиан гуфта шуда, интизор меравад, нишаст рӯзҳои 18-19 май дар музофоти Шэнси таҳти раёсати Си Ҷинпин баргузор гардад.