Муносибати русиягиҳо ба муҳоҷирон беҳтар шудааст

Чунин муносибати хушу мусбат вақтҳои охир ҳамчунин, нисбат ба ақаллиятҳои миллй, ки дар мамлакат зиндагӣ мекунанд, мушоҳида карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Русиягиҳо бо табъиз камтар рӯбарӯ шудаанд ва бо муҳоҷирони корӣ, ки барои фаъолият меоянд, беҳтар муносибат кардаанд.
Дар ин бора, Игор Баринов, раиси Оҷонсии федеролии умури этникӣ, дар ҷаласаи кумитаи Думаи давлатӣ сухан гуфт.
Вай маълумоти дахлдорро аз таҳқиқоти нав овард. Муносибат ба муҳоҷирон низ ба самти мусбат тағйир ёфтааст.
Шаҳрвандоне, ки нисбат ба хориҷиён эҳсоси манфӣ надоранд, дар соли 2022 - 80,9%-ро ташкил дод, дар ҳоле, ки як сол қабл ин нишондод дар сатҳи 74,6% буд.
Дастури Путин ба масъулин: Барои мутобиқшавии муҳоҷирон шароит фароҳам намоед
Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2022 сатҳи назари мусбати умумирусиягӣ нисбат ба соли 2021 - 0,8% афзуда, 94,2%-ро ташкил дод.
Ин ҳадди аксар аз оғози омӯзиши чунин нишондиҳанда аст.
Баринов ҳамчунин қайд мекунад, ки дар кишвар теъдоди шаҳрвандоне зиёд шудааст, ки нисбати худ бар асоси миллат, забон ва мазҳаб табъиз эҳсос накардаанд.
Шаҳрвандии Русияро аз ҳама беш тоҷикон мегиранд
Агар, дар соли 2021 ин нишондиҳанда 67,3% бошанд, пас дар соли 2022 аллакай 78,4%-ро ташкил додааст.