Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лукашенко ба ҳамлаи ҷавобии артиши Украина бовар надорад

Раисҷумҳури Беларус бар он аст, ки хабарҳо дар бораи ҳамлаи ҷавобӣ артиши Украина яке аз бузургтарин маълумоти бардурӯғ аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ба хабарҳо дар бораи ҳамлаи ҷавобии дарпешистодаи артиши Украина шубҳа дорад ва бар он аст, ки ин маълумоти бардурӯғ аст, иттилоъ додааст хабаргузории “БелТА”.
Вай дар мулоқот бо ширкатдорони ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи порлумонии СПАД дар Минск гуфт, "бузургтарин маълумоти бардурӯғ ин ҳамлаи ҷавобии артиши Украина аст. Аз нигоҳи ман, ҳеҷ гуна ҳамлаи ҷавобӣ сурат намегирад ва наметавонад бигирад".
"Ин девонагист. Як бар панҷи бо техникаву сарбоз ҷанг кардан - ин девонагист! Не, ин мавзуъ бояд доман зада шавад, бояд украинҳоро мағзшӯи шаванд, то муқовимат идома ёбад ва моро ғарқи хун кунанд. Ин аст моҳияти имрӯза дар ҷабҳа. Мо онро мебинем. Ин ҳодиса пушти девори мо сурат мегирад”, — гуфт раҳбари Беларус.
Расонаҳо: Тактикаи Русия дар Украина миёни генералҳои НАТО-ро шикаст
Оқои Лукашенко бар он аст, ки ин маълумоте, ки аз ҷониби расонаҳо ва мақомоти расмии Украина паҳн мешавад, бардурӯғ аст.
"Дар ҳар набард маълумоти бардурӯғ хеле хатарнок аст. Ҷанги Курск, дар наздикии Сталинградро ба ёд оред, вақте ки мо бомуваффақият ба душман маълумот бардуруғ додем, дар ин набард пирӯз шудем", - гуфт Александр Лукашенко раисҷумҳури Беларус.