Русия квотаи таҳсил барои тоҷикистониёнро зиёд мекунад

Ҳоло дар Русия ҳудуди 185 ҳазор донишҷӯ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳсил мекунанд, ки 68 ҳазор нафарашон дар риштаи буҷавӣ мехонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Русия шумораи квотаҳо барои донишҷӯён аз Осиёи Марказиро афзоиш медиҳад, изҳор дошт муовини вазири корҳои хориҷии ФР, Михаил Галузин.
Дипломати Русия зимни суханронӣ дар Конфронси III-юми Осиёи Марказӣ дар Клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай", аз ҷумла таъкид намуд, ки дар соли нави таҳсил барои довталабон аз Тоҷикистон 152 квота бештар ҷудо мешавад.
"Дар соли таҳсили 2023-2024 мо квота барои таҳсили шаҳрвандони Қазоқистонро - 200 адад, Қирғизистон - 200 ҷойи иловагӣ, Ӯзбекистон - иловаи 50 ҷой ва Тоҷикистон - 152 адади иловагиро зиёд мекунем", - шарҳ дод ӯ.
Бештар аз як миллион: Афзоиши теъдоди хонандагони мактаб дар замони истиқлол
Моҳи марти соли равон, раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустин аллакай хабар дода буд, ки дар соли 2024 Русия барои довталабони Тоҷикистон беш аз 900 ҷой дар донишгоҳҳо ҷудо кардааст.
Ба иттилои мақомоти Русия, ҳоло дар ин кишвар ҳудуди 185 ҳазор донишҷӯ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳсил мекунанд, ки 68 ҳазор нафарашон дар риштаи буҷавӣ мехонанд.
Таваҷҷуҳ ба таҳсил дар Русия баланд арзёбӣ мегардад. Ахиран мақомоти Россотрудничество гуфтанд, ки дар соли 2023 беш аз 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар имтиҳонот барои дарёфти квотаҳои таҳсил дар Русия ширкат мекунанд.
Мақомоти бахши маорифи Русия таъкид мекунанд, ки ният доранд ҳузури таҳсилоти русиро дар низоми таълимии кишварҳои хориҷӣ густариш диҳанду ҳамзамон ба сифати дониши довталабони квота низ диққати бештар дода шавад.