Ҳаддоди Одил: Ду миллат Тоҷикистону Афғонистон посдори забони форсӣ ҳастанд

Донишманди эронӣ дар маросими рӯзи бузургдошти мақоми Фирдавсӣ ва посдошти забони форсӣ ду миллати Афғонистону Тоҷикистонро посдорони забони форсӣ хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik. Ҳамоиши бузургдошти мақоми Фирдавсӣ ва посдошти забони форсии дар маҳали китобхонаи миллии Эрон дар шаҳри Теҳрон бо ҳузури адибону андешмандони форсии забон аз Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар баргузор шуд.
Раиси фарҳангистони забону адаби форсӣ доктори Ғуломалии Ҳаддоди Одил дар суханронии худ дар ин ҳамоиш, гуфт ки ду миллате ҳаст, ки посдори забони форсӣ ҳастанд
“Забони форсии рукне аз ҳувияти миллии эрониён, риштаи пайванди онон бо якдигар ва низ бо ҳамаи миллатҳои форсизабон монанди миллати арҷманди Афғонистон ва Тоҷикистон аст, ки посдори забон форсӣ буда ва ҳастанд”,- гуфт ӯ
Оқои Ҳаддоди Одил дар идома, забони форсиро “калид дар ганҷинаи ҳамаи маорифе, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол ба ин забон навишта ва сурудашуда” хонд ва посдоре аз забони форсиро посдоре аз ҳувияти миллӣ, фарҳанги исломӣ – эронӣ ва маориф башарӣ донист.
Собирӣ: Шоҳнома барои Эрону Тоҷикистон асари мондгор ва сазовори эҳтироми абадист - видео
Раиси фарҳангистони забону адаби форсӣ ҳамчунин бо ишора ба ду байти машҳур Фирдавсӣ гуфт: “Фирдавсӣ ба сароҳат мегуяд шоҳномаро бо ранҷии 30 - сола суруда то эронӣ зинда бимонад".
Ҳаддоди Одил дар ин маросим ҳамчунин таъкид кард корҳое, ки токунун барои гиромидошти Фирдавсӣ ва забони форсӣ анҷом шуда дар хӯр шаъни забони форсӣ ва ҷойгоҳ Фирдавсӣ нест ва бояд ҷашнҳои бошукуҳтаре ба эҳтироми забони форсӣ дар чунин рӯзе баргузор шавад.