ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ дар нишасти баррасии таомулоти фарҳангӣ, адабии Эрону Тоҷикистон гуфт, ки пайвандии Тоҷикистон бо Эрон пайванди қадимӣ аст ва реша дар забон, таърих ва арзишҳои фарҳангии муштарак дорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Зоҳидӣ афзуд, арзишҳои муштарак бистари бисёр муносиб барои тақвияти ҳамкориҳо дар ҳамаи ҳавзаҳо бахусӯс ҳавза фарҳанг аст ва Тоҷикистон дар 32 соли гузашта бо Эрон ҳамкориҳои густарда доштааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақи Собирӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфта буд, ки дар соли 2022 шоҳиди рушди се баробарии ҳаҷми табодулоти иқтисодии байни ду кишвар нисбат ба соли пеш будем.
Вай афзуд имсол низ бо талоши мақомоти олирутбаи ду кишвар ва чораҳои андешидашуда шоҳиди рушди чашмгире дар муносиботи иқтисодии байни ду кишвар хоҳем буд.
Муҳаммадтақи Собирӣ гуфт, ки дар муддати 31 сол, ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъриф ва нақши таъинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.