Мақомоти Суғд ба барандаи фестивали "Атласу Адрас" панҷ ҳазор сомонӣ медиҳанд

Мақомоти вилояти Суғд ахиран эълон кардааст, ки Фестивали вилоятии "Атласу адрас" дар моҳи июни соли равон гузаронида мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Дар моҳи июни соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд Фестивали вилоятии "Атласу адрас" гузаронида мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Таъкид шудааст, ки фестивали мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ гузаронида мешавад.
иттилоъ дода шдуааст, ки фестивал дар ду давр доир шуда, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ сурат мегирад ва даври дуюм дар маркази вилоят доир хоҳад шуд.
Маълум шуд, ки "Рӯзи ҷавонон" дар вилояти Суғд кай ва чигуна таҷлил мешавад
"Дар фестивал ҳунармандон, корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, марказҳои омӯзишӣ, рассомону тарроҳон, дӯзандагони алоҳида метавонанд иштирок намоянд", - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии "Атласу адрас" 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ ва ба ғолибон аз рӯи номинатсияҳои "Беҳтарин либоси кӯдакона", "Беҳтарин либоси расмӣ", "Беҳтарин либоси идона", "Беҳтарин либоси арӯсию домодӣ" мутаносибан 4000 сомонӣ, 3000 сомонӣ ва 2500 сомонӣ ҷоиза дода мешавад.