ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik. Муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач гуфт, кишварҳои узви ИДМ дар авоили моҳи июн созишнома дар бораи сармоягузорӣ ва тиҷорати озодро имзо хоҳанд кард, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС
Дар ин бора сиёсатмадор дар Анҷумани байналмилалии ҳуқуқӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд, баён дошт.
“Айни замон раванди ҳамоҳангсозии дохилидавлатӣ дар кишварҳои ИДМ ба анҷом мерасад. Мо нақша дорем, ки ин санадро дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ рӯзи 8 июн дар Сочи ба имзо расонем”, - гуфт Волвач.
Ба гуфтаи ӯ, ин созишнома бахусус барои кишварҳои муштаракулманофеъ, ки узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нестанд, муҳим аст.
“Созишнома ба рушди иқтисоди кишварҳои узви ИДМ, инчунин таъмини рушди минтақаи тиҷорати озод дар қаламрави ин кишварҳо нигаронида шудааст”, - гуфт сиёсатмадор.
Қаблан Михаил Хазин, сиёсатшинос, сабаби ҳузури раҳбарони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дар Рӯзи Ғалаба дар Маскав бо вуҷуди ақидаҳои амрикоипарастии бархе аз онҳоро шарҳ дод.