Ҳалокати фоҷиавии 7 корманди Идораи “обу канализатсия” дар шаҳри Панҷакент

Баҳром Исломзода, раиси идораи “Обтаъминкунӣ ва канализатсия” и шаҳри Панҷакент дар натиҷаи заҳролудшавӣ ҳамроҳ бо шаш ҳамкораш ба ҳалокат расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Ҳафт нафар ба таъмири хати партовоб (канализатсия) машғул буданд, аммо аз ҳисоби ихроҷи газ зери замин заҳролуд гардида ба ҳалокат расидаанд.
Баҳром Исломзода, сокини 27 солаи ноҳияи Данғара ва раиси идораи “Обтаъминкунӣ ва канализатсия” и шаҳри Панҷакент ҳам дар миёни ҳамкоронаш қарор дошт дар пайи ин ҳодисаи мудҳиш дар миёни ҳафт кормандаш ба ҳалокат расидааст
Бино ба иттилоъи манобеъ аз ҳукумати шаҳри Панҷакент ин ҳодисаи мудҳиш шоми дирӯз рух додааст.
Икром Истамов, раиси ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон макони рухдоди ин ҳодисаро шарҳ дод.
“Шоми 13-уми май ҳашт нафар ба ҳисоби ҳафт корманди корхонаи фаръи давлатии “Обтаъминкунӣ ва канализатсия” дар ҳудуди кӯчаи ба номи “50-солагии Тоҷикистон”-и шаҳри Панҷакент ба таъмир ва тозакунии хати ташноб машғул буданд, мутаасифона дар ин ҳангом аз гази ботлоқи замин заҳролуд гардида дар роҳ ба бемористон 7 нафар ҷон додаанд”, гуфт манбаъ.
Дар КҲФ вилояти Суғд ҳам рухдоди ин ҳодисаро сабт намудаанд.
Ҳалокати чор нафар дар Шаҳритус: аз ғизо заҳролуд шуданд
Як манбаъ аз ин КҲФ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҷасади ҳафт корманди корхонаи фаръӣ давлатии “Обтаъминкунӣ ва канализатсия” и шаҳри Панҷакент ба ҳисоби Баҳром Исломзода буд ба дасти наздиконашон ба шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Данғара супурдаанд.
Аз КҲФ Суғд гуфтанд, ки зимнан мақомот ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ карданд.