Бештар аз як миллион: Афзоиши теъдоди хонандагони мактаб дар замони истиқлол

Оҷонсии назорат дар умури маориф ва илми Тоҷикистон таъкид кард, ки дар соли 2022 аз буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф беш аз 6 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Теъдоди хонандагони макотиби миёна дар Тоҷикистон дар замони Истиқлол қариб 1 млн нафар бештар шуд.
Дар ин бора Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти Тоҷикистон иттилоъ додаст.
Ба иттилои манбаъ, феълан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2,3 млн хонанда таҳсил доранд.
Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда соли 1991 каме бештар аз 1,3 млн нафар буд.
Манбаъ афзуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 3,4 ҳазор муассисаҳои таълимии нав бунёд карда шуданд.
Илова бар ин, манбаъ хабар додааст, ки дар соли 2022 аз буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф беш аз 6 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст.
Вокуниши Вазорати маориф ба видеои ҷанги ду зан дар "мактаб" - видео
Ин маблағ аз хароҷоти соли гузашта 707 миллион сомонӣ зиёд буда, 19%-и хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки ғайр аз мактабҳое, ки аллакай дар ҳудуди Тоҷикистон тибқи стандартҳои Русия фаъолият мекунанд, мақомот ният дорад боз чанд мактаби дигар боз намояд
Ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон масъалаи ифтитоҳи мактабҳои нави таълимӣ тибқи стандартҳои Русия дар ҷумҳуриро баррасӣ доранд.
"Ин масъала аллакай дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар матраҳ шудааст. Ҳоло, ба фикрам, корҳои муқаддамотӣ барои омода кардани пешниҳодҳои нав барои ифтитоҳи мактабҳои изофии забони русӣ идома дорад", - гуфт Раҳимӣ.
Вай ёдовар шуд, ки аз моҳи сентябри соли 2022 дар Тоҷикистон 5 мактаб фаъолият дорад, ки дар онҳо таҳсил тибқи стандартҳои Русия ба роҳ монда шудааст.
Мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода ҷойгир буда, ҳудуди 5000 мактаббача дар онҳо таҳсил мекунанд.
Муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии Русия бар асоси созишномаи ҳукуматҳои ду кишвар сохта шудаанд.