Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Украина барои ҳамла ба Луганск аз мушакҳои Бритониё истифода кард - Вазорати дифои Русия

Мушакҳоро нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз як ҳавопаймо партоб карданд. Ҳарчанд артиши Русия онҳоро сарнагун кард, вале мушакҳо ба корхонаҳои Луганск бархӯрданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Вазорати дифои Русия гуфт, ҳавопаймоҳои ҷангии Украина рӯзи ҷумъа ба корхонаи маҳсулоти полимерии "Полипак" ва корхонаи коркарди гӯшти "Милам" дар Луганск ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд.
Ҳамла соати 18:30 бо мушакҳои ҳавопаймои Storm Shadow анҷом дода шуд. Ин мушакҳоро Киев аз Британия дастрас карда буд.

"Мушакҳои ҳавопаймоҳои Storm Shadow аз ҷониби Бритониёи Кабир ба режими Киев барои зарба ба кор бурда шуданд, бар хилофи изҳороти Лондон, ки ин силоҳ бар зидди ҳадафҳои ғайринизомӣ истифода нахоҳад шуд", - омадааст дар изҳороти Вазорати дифоъ.

Дар натиҷаи ҳамла ба корхонаҳои Луганск сӯхтор ба амал омад, хонаҳои наздиктарин тахриб шуданд ва ғайринизомиён, аз ҷумла шаш кӯдак маҷрӯҳ шуданд.
Ҳавопаймои Су-24 ва як ҷангандаи МиГ-29 -и украинӣ ҳар ду суқут карданд.
Зимнан, манбаъ афзуд, ки миллатгароёни украинӣ дар самти Донетск талафоти сангинро идома доданд. Авиатсия ва артиллерияи гурӯҳи қӯшунҳои "Ҷанубӣ"дар самти Григоровка, Красний ва Часов Яри ҶМД беш аз 285 низомӣ ва зархарид, ду танк, се мошини пиёдагарди ҷангӣ, чаҳор зиреҳпӯш, чаҳор мошин, ду “Акатсия” ва як "Гвоздика" -ро нобуд карданд.
Паёмади ҳамлаи мушакӣ ба як сохтмони маскунӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Луганск - акс
Дар вилояти Краматорски Донетск як анбори аслиҳа ва мушаки ҚМУ хароб карда шуд.
Дар самти Купянск низомиёни рус то 170 низомӣ, чор мошин, инчунин тупхои худгарди "Гвоздика" ва "Акатсиа"-ро нобуд сохтанд. Дар минтқаҳои Угледар, Павловка, Новополи ҶМД, Малиновка, Малая Токмачка ва Новоданиловкаи вилояти Запороже нерӯҳи зиёди украинӣ маҳв карда шуданд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардуме номид, ки ҳашт сол боз таҳти таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".