ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Дар деҳаи Гулчини ноҳияи Қубодиён як кӯдак ғарқи об шуд, хабар медиҳад дафтари матуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, кӯдак ҳамагӣ шаш сол дошта, аснои хӯрдани об ба канал сарозер шуд. Ҷасади кӯдакро то ҳол сокинони маҳалла ва наҷотбахшон ҷустуҷӯ доранд.
Айнан чунин ҳодиса дар ду навоҳии дигари Тоҷикистон низ рух додааст.
КҲФ мегӯяд, яке дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва дигарӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ иттифоқ афтод.
"Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кӯдаки 14-сола ҳангоми оббозӣ дар дарёи Ниёв ғарқ шуд", - хабар медиҳад манбаъ.
Зикр гардид, ки ҷасади ӯро сокинон 100 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо ва ба пайвандон супурданд.
Ҳамчунин дар ноҳияи Рӯдакӣ як кӯдаки 3-сола дар ҷӯйбори оби полезӣ ғарқ шуд. КҲФ мегӯяд, ӯ бехабар аз волидон аз хона баромада, дар об ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасади ин кӯдак низ идома дорад.
Манбаъ меафзояд, аз аввали сол дар обҳои кишвар 35 нафари ғарқ шуданд, ки 23 нафари онҳо кӯдакони то 16-сола буданд.