ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik, Григорий Ростов. Меҳмонони фахрии Намоиши Ғалаба сарони 7 давлатҳои ИДМ: Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Казоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон буданд. Ва чунин ягонагӣ паёми равшане ба кишварҳои Ғарб вобаста ба он буд, ки дар ин мухолифатҳо (ки на бо айби Русия ба миён омдааст) ба миён омада ба тарафдории кадом давлат афзалият додани онҳоро нишон медиҳад.
“Ташрифи сарони 7 кишварҳои ИДМ ба паради Ғабала - воқеаи рамзист, зеро ҳамагӣ як сол пеш меҳмонони чунин сатҳ дар Маскав набуданд. Дар соли 2021 дар минбар дар паҳлӯи Владимир Путин фақат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон меистод.
Имрӯз бошад, ҳамаи онҳо (ба истиснои президентҳои Арманистон ва Туркманистон) бо ҳузури худ дастгирии устувори худро аз иттифоқчии стратегии худ нишон доданд ”- шарҳ дод сиёсатшинос Александр Афанасев.
Ба андешаи коршиносон, сарвазири Арманистон Никола Пашинян бо умеде ба Маскав омад, ки бо кӯмаки Кремл ба ҳар ҳол каме бошад ҳам гуфтушуниди мусоҳиҳаомези дар як ҷой пойкӯфтаи Бок ва Қаробоғи кӯҳиро каме ҷон бахшад.
Охир ягон зарра пешравии қонеъкунанда бо иштроки сафирон ва амалдорони давлатии Ғарб ба даст наомад.
Агар дар бораи Туркманистон Сардор Бердимухаммедов гӯем, пас ӯ бо он мавқеи бетарафие, ки кишвараш таҳти назари дақиқу сарпарастӣ” –и СММ пеш гирифтааст, рӯшод наметавонад ба Маскав ҳусни таваҷҷӯҳ намояд, ҳарчанд робитаҳои иҷтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду кишвар дар вақтҳои охир басо суръати тоза гирифтаанд.
Роҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сабаби узрнок дар чорабинии идона набуд – 100-солагии падари худ Г(Ҳ)айдар Алиевро ҷашн мегирифт, ки ӯ асогузори ҷумҳурии муосир аст. Роҳбари Молдова Санду бе ризоияти Департаменти давлатии ИМА ва ҳам ИА ягон қадам намемонад, воқеан касе дар фикри таклиф кардани ӯ ҳам набуд.
Ба назар намоёнаш он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ фақат ташрифи президент Қирғизистон Содир Ҷабборовро интизор буд, ки ӯ расман ҳанӯз моҳи март таклифномаи расмӣ гирифта буд. Боқимонда сарони давлатҳоро Путин телефонӣ ба меҳмонӣ давъват намуд.
Ин баҳона шуд ба ВАО-и “деократӣ”, ки бо як овоз уллос кашанд, ки роҳбари русиягӣ ҳамтоёнашро “маҷбур намуд” мутеъ шаванду ба Маскав оянд. Аз афташ, “талоқ”-и дам ба дами амалдорони сатҳи гунногуни ғарбӣ ба ду масхарабоз (пранкер) асос барои чунин андешаҳои воҳиманок гаштанд.
Дар асл бошад, ин ҷо сире нест - ҳамаи меҳмонони иди аз ҳама асосии сайёра (новобаста аз он, ки ИМА ва Аврупо дар ин хусус чӣ чиррос мезананд) таърихи муштараки моро ба хубӣ медонанд.
Масалан, Тоҷикистон дар марҳилаи аз солҳои 1941-1945 ба фронт беш аз 200 ҳазор нафарро фиристод. Аз онҳо 65 нафарашон ба гирифтани мукофоти олӣ – унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазоовор гаштанд.
Даҳҳо ҳазор меҳнаткашони ақибгоҳ, садҳо ҳазор муҳоҷирон, ки аз ҷониби халқи меҳмондӯсти тоҷик қабул карда шуданд ва аз гармии офтоб ин ҷо баҳра ёфтанд, даҳҳо беморхонаҳои ҳарбӣ (госпиталҳо), ки он ҷо ярадоронро шифо мебахшиданд – мана ин буд саҳми ин ҷумҳурии хурд дар Ғалабаи умумӣ.
Ва инро аз хотир бароварда намешавад. Маҳз барои гиромӣ доштани чунин диловарӣ сарони давлатҳои ИДМ ба Маскав омаданд.
“9 Май ба сифати яке аз идҳои асосӣ барои халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мемонад, ва бисёрии давлатҳо – аъзоёни ИДМ чун пештара ин рӯзро муқаддас медонанд ва зурур мешуморанд, ки таҷлил карда шавад",-баъдтар тасдиқ намуд котиби матбуоти президенти ФР Дмитрий Песков.
Таъҷилияти ташкили ташриф бошад, аз фаолияти мураттаби сафирон ва хизматчиёни давлатии ҳамаи давлатҳо шаҳодат медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ тавонистанд ин кори заҳматталабро танзим намоянд. Ин мисоли равшани он аст, ки Кремл метавонад дар бозӣ пешдастӣ кунад ва дар майдон Ғалабаро соҳиб шавад – дар он ҷое, ки Вашингтон ва Брюссел худро арбобони барҷаста меҳисобиданд.
Ба гуфти Путин, дилхоҳ мафкураи бартариҷӯӣ нафратовар, марговар ва ҷинояткорона аст, аммо “аъёну ашрофи ғарбӣ чун пештара аз фавқулода будани худ батаркор мегӯяд”.
Чӣ илоҷ, боз андаки дигар монд, ки онҳо аз афрофзода будани худ нозанду нӯш кунанд. Ташрифи сарони давлатҳои ба Русия иттифоқ рӯзи 9 май ба Маскав – мисоли барҷастаи он аст, ки ҷаҳони якқутба ногузир фаношавӣ дорад ва ба қарибӣ ҳамаи “баргузидагон”-ро зери вайронаҳову шикастапораҳои худ мегирад.
Дар таърихи умумии мо чӣ мегуфтанд? “Душман торумор карда мешавад, Ғалаба аз мост!”. “Осмон аз остон сар мешавад”, остоне, ки ҳамарӯза бояд дар ғамаш бошем.