Дар Амрико 61 конгрессмен аз Байден талаб кард, ки қобилияти равонияшро санҷад

Ахиран Ҷо Байдени 80-сола эълон кард, ки моҳи ноябри соли оянда дубора барои ба даст овардани курсии раёсатҷумҳурӣ мубориза мебарад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Шасту як намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар нома ба Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико, бо талаби гузаштан аз санҷиши иктишофӣ имзо гузоштанд, хабар медиҳад "РИА Новости".

"Мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки аз дархости худ барои интихоби дубора даст кашед ё арзёбии иктишофии аз ҷиҳати клиникӣ тасдиқшударо анҷом диҳед ва натиҷаҳоро дастраси умум гардонед", - гуфта мешавад дар нома.

Таъкид мешавад, ки аз замони раҳбари давлат шудани Байден, ҷумҳурихоҳон бо чунин дархост се нома фиристодаанд, вале онҳо беҷавоб монданд.
Ҳарчанд президент дар солҳои 2021 ва 2023 аз муоинаи ҷисмонӣ гузашта бошад ҳам, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки баъдан ба ӯ ягон санҷиши маърифатӣ пешниҳод карда шудааст.
Байден мехоҳад боз президенти ИМА интихоб шавад
Байден, ки ҳоло 80 сол умр дорад, куҳансолтарин раиси ҷумҳури Амрико дар таърих мебошад. Вай мунтазам ба ҳолатҳои хандаовар дучор мешавад.
Интихоботи навбатии президентӣ моҳи ноябри соли 2024 таъин шудааст. Моҳи апрел Байден гуфт, ки ӯ барои дубора интихоб шуданаш талош хоҳад кард.