Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вазорати мудофиаи Русия "пешрафт"-и Украинаро дар ҷабҳа бепоя хонд

Мақомоти Русия хабарҳо дар бораи пешрафти нерӯҳои украинӣ дар минтақаи амалиёти низомиро беасос хонда, баръакс аз пешрафтҳои худ ҳисобот доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабарҳо дар бораи "рахнасозии" хатти дифоъ аз ҷониби нерӯҳои украинӣ дар минтақаи амалиёти вижаро рад кард.
Ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфт, баёнотҳое, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи пешрафти нерӯҳои Украина дар қисматҳои мухталифи хати ҷабҳа нашр шудаанд,ба воқеият мувофиқат намекунанд.
Таъкид шудааст, ки ҳамаи хатти ҷабҳа таҳти назорати нерӯҳои Русия қарор дорад ва аз ҷумла дар самти Купянск фаъолияти хоси нерӯҳо мушохида карда намешавад. Дар ин бахш давоми рӯз аз пешрафти се гуруҳи диверсантҳои украинӣ пешгирӣ шуд, омадааст дар иттилоия.
Коршиноси низомӣ: Украина метавонад ба Афғонистони дуввум табдил ёбад
Дар самти Краснолиманск гурӯҳи нерӯҳои "Марказ" ду ҳамлаи гурӯҳҳои тактикии ротаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар наздикии Кременная ва Червона Диброваро пас гардонданд, афзуд манбаъ.
Илова гардид, ки дар самти Донетск, нирӯҳои украинӣ се маротиба кӯшиши иктишофиро анҷом доданд, ки муваффақ нашуд. Инчунин нерӯҳои Русия 8 ҳолати ҳамлаи нерӯҳои украиниро пас гардонданд.
Дар навбати худ гуруҳҳои ҳамлагар бо пуштибонии нерӯҳои ҳавоӣ ва артиллерия пешрафтҳо дар Артёмовскро давом доданд.
Дар баробари ин ҷанговарони гуруҳи "Ҷануб" барои дар муҳосира қарор додани Авдеевка ва озодсозии Маринка фаъолона амалиёт гузаронда истодаанд.
Вазорати мудофиа таъкид намуд, ки дар самтҳои Запороже ва Херсон амалиёти фаъол сурат нагирифта истодааст.