Дастури Путин ба масъулин: Барои мутобиқшавии муҳоҷирон шароит фароҳам намоед

Ба Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Русия бо мақсади фароҳам овардани шароит барои мутобиқшавии беҳтари муҳоҷирон бояд тағйирот ворид карда шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Мақомоти Русия бояд шароите фароҳам созад, ки ба мутобиқшавии бомуваффақияти шаҳрвандони хориҷӣ ва фарзандони онҳо дар ҷомеаи Русия мусоидат кунанд.
Дар ин бора аз фармони раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ки дар сомонаи расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, бармеояд.
Чунин тағйирот ба Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Русия ворид гардидааст.
Гуфта мешавад, ки аз тадбирҳои асосӣ ин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди забони русӣ ва меъёрҳои маъмули рафтори муҳоҷирон мебошад.
Дар ин ҷо хусусиятҳои иҷтимоӣ ва мадании минтақаҳое, ки муҳоҷирон дар онҷо зиндагӣ мекунанд, ба назар гирифта мешавад.
Афзоиши нақзи қонуни муҳоҷират дар Маскав
Ҳамзамон, муҳоҷирон бо арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқии мардуми рус ошно мешаванд.
Мақомоти Русия ҳамчунин тасмим дорад, ки зерсохторҳоеро эҷод кунанд, ки ба мутобиқшавии шаҳрвандони хориҷӣ мусоидат кунанд.
Ба онҳо дастрасии хизматрасониҳои давлатӣ ва маҳаллӣ фароҳам карда мешавад.
Ба пешбурди забони русӣ ва дар хориҷа паҳн кардани маданияти рус диққати хос дода мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар семоҳаи аввали соли 2023 беш аз 106 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, аксари шаҳрвандони нав зодаи Тоҷикистон мебошанд.