ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Аз 10 то 20 май дар пойтахти Эрон Намоишгоҳи 34-уми байналмилалии "Китоби Теҳрон" баргузор мегардад, ки дар он ҳайати Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони хосса иштирок дорад, иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳошияи ифтитоҳи Намоиши байналмилалии "Китоби Теҳрон" дирӯз мулоқоти Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон Маҳдии Исмоилӣ ва доктор Аҳмадванд — муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ, ки ҳамзамон раисии Намоишгоҳи байналмилалии китобро ба зимма дорад, доир гардид.
Зимни суҳбат тарафҳо вобаста ба ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла дар соҳаи теар, санъат ва нашри китобҳо табодули афкор намуданд.
Таъкид шудааст, ки мақомоти Эрон иштироки Тоҷикистонро ба ҳайси меҳмони хосса дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб муҳим арзёбӣ намуд.
Тибқи иттилои вазорат 11 майи соли равон дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ Рӯзи Тоҷикистон ба таври расмӣ ифтитоҳ гардид.
Бояд қайд кард, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Теҳрон" ноширон аз 60 кишвари мухталифи иштирок менамоянд.