Нигоҳдории 16 миллион нусха китоб дар китобхонаҳои Тоҷикистон

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ки китобхонаҳои ҷумҳурӣ ҳамасола бо адабиёти тозанашри ватанӣ таъмин карда мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Тибқи омор, айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 71 китобхонаҳои марказӣ ва 1290 филиал китобхонаҳо бо фонди зиёда аз 16 млн, нусха китоб ва дигар маводи иттилоотӣ, қариб чор ҳазор китобхонаи мактабӣ, 76 китобхонаи бачагона ва теъдоди зиёди китобхонаҳои шахсӣ ва иттифоқҳои касаба фаъолият доранд.
Дар ин боар вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ низоми густурдаи китобхонаҳо: Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, китобхонаҳои низоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, фаъолият доранд.
Ҳамчунин дар қаламрави Тоҷикистон китобхонаҳои пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, инчунин китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, муассисаву ташкилот ва китобхонаҳои хусусӣ низ фаъолият доранд.
Рӯзи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон”
Зикр гардидааст, ки имрӯз дар китобхонаҳои кишвар, ки муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ ва омӯзишӣ мебошанд, захираи васеи иттилооти ҳуҷҷатӣ ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва дастраси оммаи васеи мардум гардонида мешавад.
Баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба фаъолияти китобдорӣ беш аз пеш афзун гардид.
Зикр гардидааст, ки соҳаи китобдорӣ вобаста ба таҳаввулоту талаботи замон, тағйироти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа пайваста мақсаду муҳтаво, мазмуну мундариҷаи фаъолияти хешро ба раванди пешрафти ҳаёти ҷомеа мутобиқ месозад.