Тоҷикистон воридкунандаи аслии қолинҳои Ӯзбекистон боқӣ мемонад

Қолинҳои Ӯзбекисторо аз ҳама беш Озарбойҷон ба маблағи 1,3 млн доллар харидорӣ намудааст. Ҳамчунин Русия низ дар сафи кишварҳои воридкунандаи қолинҳо шомил аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли чорӣ мақоми воридкунандаи асосии қолин аз Ӯзбекистонро нигоҳ дошт.
Дар ин бора Оҷонсии омори ҷумҳурии ҳамсоя хабар медиҳад.
Ҳаҷми умумии содироти ин навъи маҳсулот аз моҳи январ то марти соли 2023 беш аз 12 млн долларро ташкил додааст.
Ҳамин тариқ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,4 млн доллар афзоиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ба маблағи 1,5 млн доллар қолин ворид кардааст.
Раҳмон ва Мирзиёев масоили байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд
Ғайр аз ин, Озарбойҷон ба маблағи 1,3 млн қолин харида, дар қатори давлатҳое, ки ба маҳсулоти Ӯзбекистон талабгор аст, ҷой гирифтааст.
Ҳамчунин Русия бо сармоягузории худ ба иқтисоди Ӯзбекистон ба маблағи 1,2 млн яке аз пешсафон буд. Идораи омори Узбакистон таъкид кардааст, ки қолин ба Афғонистон ба маблағи 750 ҳазор доллар ва ба Қазоқистон ба маблағи 340 ҳазор доллар содир шудааст.
Қаблан дар нишасти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Самарқанд, Ӯзбекистон ташаббуси таъсиси низоми ягонаи пардохт дар минтақаро ба миён гузошта буд. Ташаббускор вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои ҷумҳурӣ Лазиз Қудратов буд.