"Зарбаи ҷавобӣ"-и артиши Украина хусусияти бесарнишинӣ ва беақлона гирифт

Кӯшишҳои украинӣ бо ҷуфти бесарнишинҳо ҳамла намудан ба қароргоҳи президенти Русия дар Кремли Маскав ба назар саҳнасозишуда ва беақлона метобад
Sputnik
Қасди ҳамла ба Кремл барои “ҳуҷуми ҷавобӣ”-и пештар эълоншуда бефоида ва барои Аврупо ва ҷаҳон бошад – хело хатарнок аст, чунин меҳисобад шореҳи низомии Sputnik Александр Хроленко.
Маъмурияти президенти Русия 3-уми май расман хабар дод: ”Имрӯз шабона аз ҷониби режими киевӣ кӯшиши тавассути бесарнишинҳо –дастгоҳҳои парвозкунанда - зарба задан ба қароргоҳи кремлии Президенти Федератсияи Россия сурат гирифт.
Ду дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишин Кремлро мавриди ҳадаф қарор дода буд.
Дар натиҷаи чораҳои саривақт аз ҷониби низомиён ва хадамоти махсус андешидашуда бо истифода аз маҷмааи муборизаи радиолокатсионӣ дастгоҳҳо аз кор бароварда шуданд [...]. Ба ин амал ҳамчун иқдоми тарҳрезишудаи террористӣ ва сӯиқасд ба Президент ... баҳо медиҳем.”
Тарафи Русия ба худ ҳуқуқи андешидани чораҳои ҷавобӣ дар он макон ва он замоне, ки лозим меҳисобад, гузошт.
Путин гуфт, Ғарб ангезандаи низоъҳо ва табаддулотҳо дар ҷаҳон аст
Вашингтон ва Киев ба таври пешгӯишаванда даст доштани худро дар амали террористӣ дар Маскав рад мекунанд ва фарзияҳои “ба худ тиркушоӣ” ё амали ким-кадом “ҳаракати партизанӣ”-ро пеш меоранд.
Аммо даҳ рӯз пештар ҷосусони низомиёни украинӣ аз таҳдидҳои зарбаҳо ба Маскав ба рӯзномаи амрикоии Washington Post хабар дода буданд.
Пас аз акси садои таъҷилӣ гузоштанҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби роҳбари дастгоҳи президенти Украина Андрей Ермак, якчанд силсилаи вайронкориҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Қрим ва дигар минтақаҳои ғарбии Русия ҳамаи шубҳаҳо бобати “муаллифӣ”-ро барҳам мехӯранд.
Нашрияи "Страна.ua" шарҳ медиҳад: ”Ҳамла ба Кремл бояд дар дастгоҳи тарғиботии украинӣ навгонӣ ва зарбаи ҷавобии ғалабаовар”-ро иваз мекард.
Бечуну чаро, Русия ҳамаи воситаҳо ва имконотро дорад, ки он ҷо ва он макон замоне, ки лозим донад, ҷавоби сазовор диҳад”.
Шиддатнокии зарбаҳои мушакии русиягӣ бар Киев шаби бар 4-уми май аз ҳама баландтарин аз оғози соли 2023 буд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Рогов: эҳтимоли ҳамлаи Украина дар рӯзҳои наздик боқӣ мемонад
Дар вилоятҳои Киев, Сумск, Кировоград ва дар наздикии Херсон воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, нуқтаҳои алоқа ва нуқтаи ҷойгиршавии ҳайати шахсии душман, корхонаҳои комплекси саноати ҳарбӣ нобуд карда шуданд.
Дар як вақт дар бораи таркишҳои бесарнишинҳои худкуши намуди "Геран" дар Одессе ва вилоятҳои Днепропетровск, Полтавск и Харков хабар дода шуд. Дар шикастпораҳои бесарнишинҳо навиштаҷотҳои "Zа Кремл" и "Zа Москvу" боқӣ мондаанд.

Технологияи тезутундкунӣ

Найрангбози сатҳи олии киевӣ пешакӣ ва аз рӯи эҳтиёт ба саёҳати тӯлонии Аврупо баромад - дуртар аз хатар – хатаре, ки пас аз амали террористии 3-уми май ӯро то охири умр ҳамроҳ хоҳад буд.
Ҷонишини сардори Шӯрои амнияти ФР Дмитрий Медведев дирӯз ошкоро қайд намуд:“Ба ғайр аз ҷисман бартараф намудани Зеленский ва тӯдаи вай, дигар роҳ намонд.”
Нозирони амрикоии Қувваҳои мусаллаҳи Украина дар қаламрави таҳти назорати Киев буда хеле пештар ҳадафи афзалиятнок буданд – ҷасадҳои 160 афсарони НАТО то имрӯз дар вайронаҳои бункери наздикии Лвов, ки бар асари зарбаи “Кинҷал” хароб гаштааст, боқӣ мондаанд.
Ба ҳар ҳол, пайдошавии бесарнишинҳо дар маркази Маскав - асос барои шубҳа ба устувории мудофиаи зиддиҳавиии пойтахти Русия шуда наметавонад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Орбан: дар муноқишаи Украина баранда нахоҳад буд
Кормандони таҳти ниқоб амалкунандаи хадамоти ҷосусии Украина ва дигар “пудратчиён”-и режими киевӣ метавонистанд дастгоҳи бесарнишини нисбатан хурди шакли тайёра доштаро аз боми ҳамвори баландошёнаҳо дар Подмоскове ё худ ҳатто дар дохили ҳалқаи Маскав – дар дохили масоҳати бонишудаистода (чатри маҷмааи мудофиаи зиддиҳавоӣ-мудофиаи зиддимушакӣ) сар диҳанд.
Гирд овардану сохтани дрон ё худ паҳпод бо муҳаррики барқиро дар дилхоҳ мошинсаро амалӣ намудан мумкин аст, шохаҳои ҷосусии низомии хобидаи украинӣ дар Русия кайҳост, ки мавҷуданд.
Таҳти роҳбарии дастурдеҳони ғарбӣ қувваҳои мусаллаҳи Украина барои ҷанг бо Русия аз миёнаҳои солҳои 1990 инҷониб омодагӣ медиданд.
Дар бораи фаъолияти вайронкории хадамоти марказии ҷосусии Украина дар ФР ва тақсими нақшҳои “фармоишгар”-у “пудратчӣ” дар Ғарб пештар хабар дода буданд.
Мутахассисони амрикоӣ амалиётҳоро ба таври фосилавӣ ба нақша мегиранд ва аз болои иҷроиши онҳо назорат мебаранд, дар ақибгоҳи русиягӣ бошад, гурӯҳҳои пинҳонии ҷосусӣ-харобкорӣ амал менамоянд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу талафоти артиши Украина дар як моҳро эълон кард
Аз маводҳои нашршуда бармеояд: иттифоқчии номбарнашудаи ИМА маҳз Украина мебошад, ки то 22 феврали соли 2022 аз имкониятҳои васеи ривоятсозӣ ва фиристодани дасисакорон истифода мебурд – дар Русия беш аз 3 миллион шаҳрвандони украинӣ ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд.
Дар ин се даҳсолаи “мустақилияти Украина” бисёриҳо шаҳрвандии Русияро гирифтанд. Муҳоҷирати меҳнатӣ, шаффофии сарҳадҳо, мавҷуд набудани монеаи забонӣ, ягонагии фарҳанг, робитаҳои анъанавии хешовандӣ ба ин мусоидат намуданд.
Бо истифода аз ин, ҷосусони Украина беш аз 10 сол пеш дар қаламрави Русия “як қатор махфигоҳҳоро бо моддаҳои тарканда ва лавозимот” барои шохаҳои “хобида” омода менамуданд.
Дирӯз корманди Хадамоти Федералии амниятии Русия якчанд ҷосусони махфии хадамоти ҷосусии Украинаро дар Қрим дастгир намуданд. Харобкорони украинӣ бо худ моддаҳои тарканда, воситаҳои махсуси алоқа ва назоратӣ доштанд ва нақша доштанд нисбати роҳбарони Қрим як силсила сӯиқасдҳоро ба анҷом расонанд.
Рӯзе пештар се нафар ҷосусони украинӣ (аз онҳо ду нафарашон – шаҳрвандони Русия) безарар гардонида шуданд, ки онҳо ба якчанд ҷиноятҳо дар қаламрави Запорожский даст доштанд.
Артиши Украина аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ партофта аз Бахмут ақибнишинӣ дорад
Силсилаи инфиҷорҳои ба қарибӣ дар дар ноҳияҳои гунногуни вилояти Брянск дар роҳҳои оҳан рухдода, бо эҳтимолияти зиёд, шояд натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои ҷосусӣ - вайронкории душман аз қаламрави Украина воридгардида бошад. Ва ё натиҷаи “бедоршавӣ”-и шохаҳои минтақавии хадамоти ҷосусии Украина аст - аз рӯи ҳуқуқ соҳибони шиносномаҳои Русия.
Барои кормандони фаврии хадамоти федералии амнияти Русия корҳои зиёд дар пеш аст.
Ғарб нерӯҳои Украинаро маҷбур мекунад дар чархи қимори русӣ (“русская рулетка”) қиморбозӣ кунад. Ҳамлаи баргузорнагардидаи бесарнишин ба Кремл ба назар саҳнасозишуда ва тақлиди зарбаи ҷавобӣ ва кӯшиши тезутунд гардонии вазъият бо паёмадҳои пешгӯинашаванда барои Ғарб ва ҷаҳон мебошад.
Кӯшиҳои оҷизонаи лӯхтакҳои Вашингтон бобати “идора” намудани ҳарорат дар ҷангҳои амалиёти вижаи низомӣ фақат зарурият ва ногузирии амалиёти вижаи Русия дар Украинаро тасдиқ менамоянд.