ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ҳамасола беш аз 4,5 миллион кӯдак ва занони ҳомила бар асари мушкилиҳо ё таваллуд мефавтанд.
"Ин ба 1 марг дар ҳар 7 сония баробар аст - асосан аз сабабҳое, ки онҳоро бо нигоҳубини дуруст пешгирӣ кардан ё табобат кардан мумкин аст",- гуфт ТУТ.
Мушаххас шудааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, инчунин Африқои Ҷануби Сахара минтақаҳое мебошанд, ки аз марги навзодон ва модарон бештар осеб дидаанд.
Тибқи гузориши нав, фавт дар ҳафтаҳои аввали пас аз таваллуд, асосан бо сабабҳои пешгирӣ ё табобатшаванда муқаррар карда мешавад.
Ин созмон ҳамчунин меафзояд, ки тайи 8 соли ахир дар заминаи коҳиши маргу мири занони ҳомила, модарон ва тифлон ба далели коҳиши сармоягузорӣ ба солимии модару навзод ҳеҷ пешравии ҷаҳонӣ ба мушоҳида нарасидааст.
Ҳамин тариқ, тибқи ҳисобҳои ТУТ, аз соли 2015 инҷониб ҳамасола тақрибан 290 ҳазор модар, 1,9 миллион кӯдак пас аз 28 ҳафтаи ҳомиладорӣ ва 2,3 миллион нафар дар моҳи аввали ҳаёт мефавтанд.
Ба гуфтаи директори СҶТ оид ба саломатии модарон, навзод, кӯдакону наврасон ва пиршавӣ Анш Банерҷӣ, марги ин тоифа “бо суръати ноустувор” идома дорад.
"Пандемияи COVID-19 монеаҳои навро барои расонидани ёрии тиббии зарурӣ ба онҳо ба вуҷуд овард",- гуфт ӯ.
ТУТ таъкид мекунад, ки барои беҳтар кардани зиндамонӣ, занон ва навзодон бояд пеш аз таваллуд, ҳангоми таваллуд ва баъд аз таваллуд хидматҳои босифат ва дастраси тиббӣ гиранд ва инчунин ба хидматрасонии танзими оила дастрасӣ дошта бошанд.
Дар бораи зарурияти баланд бардоштани ихтисоси коркунони тиб, инчунин дастрасии доруворӣ, чизҳои зарурӣ ва барқ, қайд карда мешавад.