Гузашти ҳарбии майдони Сурх ба ривояти акс

Президенти Русия Ғалабаро дастоварди якҷояи тамоми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ арзёбӣ карда, ҳамоиши роҳбарон дар Маскавро нишонаи эҳтирому арҷгузории он хонд
Sputnik
1 / 12

Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳамроҳ Эмомалӣ Раҳмон ва президентҳои дигари ИДМ дар майдони Сурх.

2 / 12

Президентҳо барои тамошои гузашти ҳарбӣ дар миёни собиқадорони ҶБВ дар минбар ҷой гирифтанд.

3 / 12

Ҷузъу томҳои мухталифи қувваҳои мусаллаҳи Русия аз пеши меҳмонон гузашт карданд.

4 / 12

Низомиён саф ороста, дар навбати гузашт аз майдони Сурх истодаанд.

5 / 12

Дар миёни иштирокдорон, аз ҷумла ҳарбиён аз амалиёти низомии вижаи Русия дар Украина низ буданд.

6 / 12

Эмомалӣ Раҳмон гузаштро аз минбар тамошо мекард.

7 / 12

Миёни низомиён аз ҷумла занон низ буданд, ки дар бахшҳои мухталифи артиш аз ҳуҷҷатгузорӣ то молияю тарҷума фаъолият мекунанд.

8 / 12

Дар маҷмуъ дар майдони Сурх гузаштро беш аз 6 ҳазор нафар ҳузурӣ томошо дошт.

9 / 12

Иштирокдорони гузашти низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

10 / 12

Ба тамошобинон техникаи низомии замони шӯравӣ ва муосири Русия пешниҳод шуд.

11 / 12

Аз ҷумла низоми мушакандози С-400 аз майдони Сурх гузашт кард.

12 / 12

Пас аз гузашти ҳарбӣ президентҳо пеши ёдгории аскари номаълум назди Кремл гулчанбар гузошта, хотири қурбониёнро пос доштанд.