ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайёми шодбошиаш гуфт, 9 май мардуми кишвари мо дар радифи дигар халқҳои сулҳдӯсти сайёра яке аз санаҳои таърихӣ – Рӯзи ғалаба бар фашизмро таҷлил мекунанд.
“Ба ин муносибат, пеш аз ҳама, иштирокчиёни ҷанг ва ҳамаи онҳоеро, ки дар ақибгоҳ барои ба даст овардани пирӯзӣ бар фашизм саҳм гузоштаанд, инчунин, мардуми ватандӯсту сулҳхоҳи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям”,- таъкид кард вай.
Вай афзуд, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон барои мардуми Тоҷикистон яке аз давраҳои фоҷиабортарини асри гузашта ба ҳисоб меравад.
Кишвардори Тоҷикистон таъкид кард, ки дар он давраҳои сангину душвор зиёда аз 300 ҳазор тоҷикон, яъне 20% аҳолии кишвар, ки дар он рӯзҳо ҳамагӣ якуним миллион нафар буд, ба ҷанг рафт ва аз ин шумора қариб 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳои хунин ҷони худро аз даст доданд.
Вай таъкид кард, ки дар баробари ҷанговарон, ки дар майдони ҷанг бар зидди фашизм қарор доштанд, ҳар як сокини Тоҷикистон – калонсолон ва занону наврасон дар ақибгоҳ шабонарӯз заҳмат мекашиданд ва дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми арзишманди худро мегузоштанд.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки дар шароити имрӯза ва вазъи бисёр ноорому печидаи ҷаҳони муосир, ки мардуми сайёраро таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти хатарноку номатлуб, инчунин, яроқнокшавии бошитоб ва оғози давраи нави "ҷанги сард" ба таври ҷиддӣ ба ташвиш овардаанд, густариши ҳарчи бештари сулҳу дӯстӣ ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар байни давлатҳо ва халқҳо аҳаммияти торафт бештар пайдо мекунад.
Вай илова кард, ки мардуми Тоҷикистон, дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон – зиёда аз 150 ҳазор нафар фарзандони худро аз даст додааст.
“Маҳз ба ҳамин хотир, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ аст ва ҳамеша хостори ҳалли низоъҳо бо роҳҳои осоишта, яъне тавассути музокирот ва бо истифодаи василаҳои дипломатӣ ҳаст”, - зикр кард Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки сабақҳои талхи ҶБВ ва ҷанги шаҳрвандӣ ҳар якшаҳрванди кишварро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи шаҳрвандон ҳамеша ҳушёру омода бошанд.
“Мо бояд таҷрибаи зиндагӣ ва роҳи пурифтихори тайкардаи падаронро омӯзем, идома бахшем, ба наврасону ҷавонон аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро фаҳмонем”, гуфт ӯ.
Кишвардори Тоҷикистон илова кард, ки ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат саъю талоши худро дареғ надорем ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони соҳибихтиёрро боз ҳам баланд бардорем.