ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба поси хотири афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги бузурги ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузошт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони халқи тоҷик раиcsevoeh руҳи шаҳидони роҳи озодиро шод намуд.
Бояд гуфт, ки баъд аз маросими гулчамбаргузорӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Русия Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар кард,
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба
© Пресс-служба президента Таджикистана
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон то кунун 37 сарбози Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондааст.
"Айни ҳол дар вилояти Хатлон - 14 куҳансарбоз, дар Суғд - 11, дар Душанбе - 6 дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ 6 куҳансарбоз иқомат доранд", - гуфт раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҷумҳурӣ, Раҳмат Қудратов.
Тибқи маълумоти расмӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ (1941 – 1945) ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд.
Аз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.