Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Рогов: эҳтимоли ҳамлаи Украина дар рӯзҳои наздик боқӣ мемонад

Дар пайи таҷаммӯи нерӯҳои украинӣ ва эҳтимоли оғози ҳамлаи ҷавобии Киев мақомоти минтақаи Запороже бархе аз сокинони осоиштаро аз хатти ҷабҳа дуртар бурдаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Эҳтимоли ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои украинӣ дар вилояти Запороже дар рӯзҳои наздик боқӣ мемонад, гуфт раиси ҷунбиши "Мо бо Русияем" Владимир Рогов ба РИА "Новости".
Ахиран иҷрокунандаи вазифаи губернатори вилояти Запороже Евгений Балитский гуфт, ки ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои Украина метавонад дар рӯзҳои наздик ё соатҳои наздик оғоз шавад.
Ҳамзамон, афзуд ӯ, ба далели тирандозии шадиди ҷангҷӯёни ҷониби Украина, сокинони 18 маҳаллаи назди ҷабҳа ба манзури амниятӣ ба қисматҳои дуртар аз хатти даргирӣ интиқол дода шуданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои дифои ҳавоии Русия 32 ҳавопаймои бесарнишини украиниро сарнагун кард
"Фарзияҳо буданд, ки амалиёти ҳамлаи ҷавобӣ дар вилояти Запороже 5 ё 6 май оғоз шавад. Аммо ин тавр нашуд. Бо вуҷуди ин, эҳтимоли оғози ҳамлаи ҷавобӣ дар рӯзҳои наздик ҳанӯз зиёд аст", - гуфт Рогов
Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои украинӣ бо тирборон кардани маҳалҳои аҳолинишини ҳамсоя ҳамроҳ хоҳад шуд, аз инрӯ, тасмими қаблӣ дар бораи ихроҷи ихтиёрии аҳолӣ азманотиқи пеши ҷабҳа, ҳарчанд як чораи муваққатӣ аст, вале асоснок мебошад.
Қаблан расонаҳои ғарбӣ хабар доданд, ки Киев 12 бригадаро барои ҳамлаи ҷавобӣ омода мекунад. Гузориш дода шуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина қасд доранд, моҳи май як ҳамлаи ҷавобӣ алайҳи нерӯҳои Русияро оғоз кунанд.