ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Ҳавошиносони Тоҷикистон боришу болоравии сатҳи оби дарёҳоро дар ҷумҳурӣ пешггӯӣ мекунанд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, бар асари борон сатҳи оби дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳои нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор зиёд мешавад.
Манбаъ афзуд, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм дар назар аст.
Суғдро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар баъзе ноҳияҳои қисмати водигӣ ва доманакӯҳ бориши сусти борон ва раъду барқ пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Хатлонро ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ интизор аст. Ҳарорат шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорат дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат шабона 10+12 дараҷа ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.