ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. "Уралские авиалинии" ҷадвали парвозҳо аз шаҳри Уфаи Русия самти Хуҷанди Тоҷикистонро аз сар гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти ширкати мазкур хабар дод.
Бар хабари манбаъ, аввалин парвоз дар ин хатсайр аз 8 май оғоз меёбад.
"Аз 8 майи соли 2023 ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" барномаи парвозҳо аз Уфа ба Хуҷандро ҳафтае як маротиба аз сар мегирад.
Зикр гардид, ки парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе тавассути ҳавопаймои Airbus A320 сурат мегиранд.
Дафтари матбуотӣ таъкид кардааст, ки ширкати ҳавопаймоии North Wind низ ҳафтае як маротиба аз Уфа ба пойтахти Тоҷикистон парвоз мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" дар давраи пандемия баъзе парвозҳо аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон ва Озарбойҷонро лағв кард. Парвози Уфа - Хуҷанд низ ба ин рӯйхат дохил буд ва ҳамакнун аз сар гирифта шуд.