ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Кӯҳансарбозони пойгоҳи 201-уми мото-тирандозиро кӯдакон бо Рӯзи ғалаба табрик намуданд.
Тарбиягирандагони боғчаи "Радуга", воқеъ дар қаламрави пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи Ғалаба бо як барномаи консертӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Хадамоти матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ хабар дод, ки собиқадорони дивизияи 201-уми мототирандозӣ меҳмони фахрӣ шуданд.
Воспитанники детского сада российской военной базы в Таджикистане поздравили ветеранов 201-й мотострелковой дивизии с наступающим Днем Победы
© пресс-служба ЦВО МО РФ
Кӯдакон композитсияҳои мусиқӣ-рақсӣ намоиш доданд ва дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ шеърҳо хонданд. Инчунин, онҳо бо кафтарҳои сафеди коғазии бо дастони худ сохташуда, ки рамзи сулҳ, меҳрубонӣ ва оромишро ифода мекунанд, намоиши ҳаяҷонбахш намоиш доданд.
Воспитанники детского сада российской военной базы в Таджикистане поздравили ветеранов 201-й мотострелковой дивизии с наступающим Днем Победы
© пресс-служба ЦВО
Пас аз анҷоми барномаи консертӣ собиқадорони хизмати ҳарбӣ бо кафкӯбиҳои бардавом ба кӯдакон ва кормандони кӯдакистон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҳамчунин, фармондеҳи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, полковник Андрей Марушкин суханронӣ намуда, ба кӯдакони мураббиёни онҳо изҳори сипос гуфт.